Хабарҳо

 

 

 

 

Май 2024

 

 
Мубодилаи асъор

1 USA

с.

1 EURO

с.

1 RUBL

с.

 

Маълумот

Сомонаҳои мо:
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

E-mail:
azim_84@mail.ru
timur-ibodov@mail.ru

Телефон:
(992) 93-459-99-52
(992) 98-803-30-10

 

 

НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Ноҳияи Ҳисор

Ноҳияи Ҳисор яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 29 январи соли 1932 дар бахше аз вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ҳисор аст ки 26 км ғарбтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хонақоҳ ва Ҷӯи калони Ҳисор ҷойгир аст.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Ҳисор бо сарзамине 1982,1 км² дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳринав ва дар шарқ — бо ноҳияи Варзоб аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаммарз аст.

Аз шимоли ноҳияи Ҳисор ба ҷануби он рӯди Хонақоҳ мегузарад.

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ҳисор 1 шаҳрак (Ҳисор) ва 10 ҷамоат дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Файзобод

Ҷамоатҳо

Аҳолӣ

шаҳраки Ҳисор

20 524

Алмосӣ

15 029

Деҳқонобод

13 698

Дурбат

14 136

Карамкӯл

15 152

Мирзо Ризо

18 538

Навобод

19 496

Хонақоҳ

20 500

Хонақоҳи Боло

20 392

Шарора

8 291

 

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Ҳисор Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ҳисор — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ҳисор ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Таърих

Сарзамине, ки ҳамакнун ноҳияи Ҳисор дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр». Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» ё «Ҳисорак» навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст. Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос - «Ҳисор» – гашт.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

 

Ноҳияи Варзоб  ·   Ноҳияи Ваҳдат  ·   Ноҳияи Нуробод  ·   Ноҳияи Рашт  ·  
Ноҳияи Роғун  ·   Ноҳияи Рӯдакӣ  ·   Ноҳияи Тавилдара  ·   Ноҳияи Тоҷикобод  ·  
Ноҳияи Турсунзода  ·   Ноҳияи Файзобод  ·   Ноҳияи Ҳисор  ·   Ноҳияи Шаҳринав  ·   Ноҳияи Ҷиргатол